Таърихи ширкат


            Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Таҷам» ки ба истеҳсоли оби ҷав машғул аст яке аз корхонаи калонтарини саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, соли 2003 таъсис ёфтааст.

          Маҳсулоти истеҳсолмекардаи ҷамъият ба стандартҳои ҷахонӣ мутобиқ буда, дорои диплом ва медали иштирокчии намоишномаи байналхалқии «Пиво» таҳти унвони «Барои сифати беҳтарин»,ки дар шаҳри Сочи ФР  баргузор шуда буд, барандаи ордени «Салиби тиллои» гардидааст. Инчунин дар дигар намошнома ва конкурcҳо дар байни истеҳсолкунандагони оби ҷав иштирок намуда, сазовори ҷоизаву дипломҳо гардидааст. ҶСП “Таҷам” ҳамасола дар озмунҳои дохили иштирок намуда соҳиби як қатор ҷоизаҳои гуногуни сол гардидааст, ба монанди: “Бренди сол 2017”, “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтари”, “Элитаи бизнеси Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Палатаи савдо ва саноати хӯроквории ҶТ ва дигар ифтихорномаву мукофотҳои гуногун гаштааст. Бо боварии комил гуфта метавон, ки сазовори медал, диплом ва дигар ҷоизаҳо гаштани ҶСП «Таҷам» натиҷаи кори хуби корхона аст.

          Хатти технологии корхона истеҳсоли Ҷумҳурии Маҷористон буда, насби онро мутахассисони маҷори амали намуданд ва мутахсисони маҳаллиро бо технологияи пухтани оби ҷав шинос намуданд. Айни ҳол дар корхона мутахассисони маҳаллии дорои ихтисоси дараҷаи баланд ба истеҳсоли оби ҷав машғуланд.

          Барои дар сафи пеши истеҳсоли оби ҷав дар бозори иқтисоди будан ҶСП «Таҷам» барои беҳтар намудани технологияи истеҳсоли ва беҳтар намудани сифати маҳсулот ҳамарӯза кӯшиш менамояд.

          Дар корхона доимо хатҳои технологӣ навсози гардида намунаҳои  замонавии хатҳои технологӣ насб карда мешаванд. Дар айни замон дар корхона хатҳои истеҳсоли оби ҷав дар ҳаҷми 0.5, 1, 1.5, 2,5 литра ва кэг дар хаҷми 50 литра амал мекунанд.

          Мақсади асосии корхона дар бозори истеъмолии Ҷумҳури яке аз корхонаи  пешсафи истехсолкунандаи оби ҷав будан аст.

          Инчунин дар корхона хатҳои технологии истеҳсоли лимонадҳо, обҳои газдор ва ғулачаҳои ширини ҷуворимакка насб карда шудаанд, ки ин маҳсулотҳо дар бозори истеъмолии Ҷумҳури харидори худро дорад.

          Маҳсулоти асосии корхона ин оби ҷави босифат, ки бо тамғаи «Сим-Сим» истеҳсол мешавад, алакай дар байни истеъмолкунандагони ин нушоки мавқеъи устувор пайдо кардааст.